"Play market" ва "App store" бастаанд, аммо садҳо бозори дигар боз
     TJ RU EN
11:50 / 2024-11-16

"Play market" ва "App store" бастаанд, аммо садҳо бозори дигар боз

Дар Тоҷикистон на танҳо сомонаҳои хабарӣ, балки бозори замимаҳои интернетии “Play market” ва “App store” ва ҳатто тарҷумони Google Translator баста шудаанд. Ин амал корбаронро дар пайи филтршикан ба сомонаҳои нав ба нав раҳсипор мекунад.

Тайи ду ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон дастрасӣ ба бозори замимаҳои интернетии “Play market” ва “App store” бидуни истифодаи садшикан дастнорас аст.

Ин ҳолатро беш аз 20 корбари телефонҳои ҳушманд Рӯзи 2 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Бастани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз солҳо пеш дар Тоҷикистон маъмул шудааст, вале сокинон мегӯянд, бори аввал аст, ки бозори замимаҳои интернетӣ масдуд мешавад.

Ду рӯз бе VPN ва шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҷонӣ Сафарзода, корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 2 май гуфт, ҳафтаи гузашта, пас аз баста шудани Фейсбук, хост садшикан бигирад, вале “Play market” боз нашуд ва дар телефони навъи “iPhone” низ ин кор имконпазир набуд.

"Вақте инҳо боз нашуданд, қариб ду рӯз ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда натавонистам. Фақат рӯзи дуюм дидам, ки дар телефонам барномаи “shareit” доштаам. Ин барномаи барои аз дигар телефон интиқол додани барнома кумак мекунад. Аз телефони дӯстам "VPN" интиқол додам ва баъдан тариқи он мағозаҳои интернетӣ ба сахтӣ боз шуданд," -- гуфт Сафарзода.

"Ҳар банд кушода шуд..."

Аммо ҷавононе, ки дар истифода аз интернет дасти расо доранд, мегӯянд, ҳама гуна филтршиканро метавон на танҳо аз бозори замимаҳои интернетӣ, балки берун аз “Play market” ё “App store” дар паҳнои интернет пайдо ва ба телефони худ насб намуд. Рӯй овардан ба ин мағозаҳо бештар аз тибқи одат сурат мегирад, вагарна, барои мисол, агар ба шумо "Сайфон-3" даркор бошад, бо навиштани ин вожа метавонед, аз сомонаи худи он, ки қоидаҳояш ба забони тоҷикиянд, навтарин филтршиканро ба даст оред. Ҳофизаи камтари телефонатонро мегирад ва суръати интернетро бештар мекунад.

Ин барномаро ҳамчунин мешавад, барои ройона ё компютери худ низ боргирӣ кард. Агар дастрасии Шумо ба сомонаи Радиои Озодӣ маҳдуд аст, бо навиштани вожаи "Psiphon apk" метавонед, онро барои ҳамеша дар ройона ё телефонатон насб кунед ва дигар ҳаргиз бастани сомонаҳо барои шумо дарди сар нахоҳад буд. Ҳоло чандин сомона берун аз мағозаҳои интернетӣ ба хоҳишмандон садшиканҳои замонавӣ пешкаш мекунанд.

Садшиканҳо дар "мӯрӣ" дармондаанд?

Вале шояд фурсат даркор аст, ки соҳибони телефон ба шеваи нави боргирии садшиканҳо одат пайдо кунанд. Фирӯза, як духтари ҷавон, ки ба тиҷорати интернетӣ машғул аст, гуфт, телефони кӯҳнааш аз кор монд ва телефони нав харид. Аввалин мушкиле, ки дучор шуд, насби барномаҳои лозим дар телефони нав буд. Ӯ гуфт, ҳоло ҳеҷ барномаеро наметавонад аз “Play market” ва “App store” бигирад, зеро ин бозорҳо барои сокинони Тоҷикистон бастаанд.

Зоҳиран, бо ин роҳ талош мешавад, ки сокинони кишвар филтршикан надошта бошанд ва ҳар вақте ки сомонаҳо баста мешаванд, лоилоҷ монанд.

То соли 2017 мактубҳои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон расонаӣ мешуд, ки дар он ба бастани ин ё он сомона ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ ишора мерафт. Аммо пас аз бунёди "мӯрии ягона" дар “Тоҷиктелеком”, ширкати зери назари Хадамоти алоқа, интернет акнун аз ҳамин тариқ ба ширкатҳои дигар фурӯхта мешавад ва акнун зарурат ба номаи махсус намондааст. Ҳамсӯҳбати мо аз як ширкати мобилӣ бидуни ифшои номаш гуфт, ҳоло аз тариқи “мӯрии ягона” имкон дорад, ки ҳамагуна сомона ва ё шабакаи иҷтимоӣ масдуд шавад. Пас, метавон гуфт, бозори садшиканҳо низ дар ин "мурӣ" дармондаанд.

Мақомот: Мушкили техникӣ аз берун аст

Лек Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 2 май ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз ҷониби Хадамоти алоқа ҳеҷ коре карда нашудааст. Баръакс, мақсади мо ба даст овардани фоида аст. Шояд ягон сабабҳои техникӣ аз берун бошад.”

Чунин мушкил дар ҳеҷ кишвари ҳамсояи Тоҷикистон вуҷуд надорад ва мушкили дастрасӣ ба “Play market” ва “App store” дақиқан дар замоне иттифоқ афтод, ки сомонаҳои хабарии Радиои Озодӣ, хабаргузории “Азия плюс” ва шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”-у “Инстаграм” дар Тоҷикистон масдуд шуданд.

"Ба ҳама зиён дорад"

Асомиддин Атоев, коршиноси тоҷик ин иқдомро хилофи сиёсати берун шудани Тоҷикистон аз бунбасти комуникатсионӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, мағозаҳои "App store" ва "Play market" ба ҳар як сокини кишвар, ки аз интернет истифода мекунад, лозим аст.

Барои мисол, “яке аз барномаҳо чунин аст, ки нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми минтақа ва бозорҳои Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Харидор аллакай имкон дорад, ки нархҳоро муқоиса кунад. Истеҳсолкунанда ҳам пешбинӣ мекунад, ки маҳсулоташро ба куҷо барад. Кишоварзоне, ки тариқи яке аз ин барномаҳо чорпои худро назорат мекунанд, ки дар куҷо қарор доранд. Масдуд кардани инҳо ба ҳама зиён дорад”, -- гуфт ӯ.

Бино бар омори расмӣ, 3 миллион сокини Тоҷикистон аз интернет истифода мебаранд. Мағозаҳои “Play market” ва “App store” дар ҳоле масдуд шудааст, ки ҳар нафар сокини Тоҷикистон, ки телефони ҳушманд дорад, аз онҳо барномаеро ройгон ва ё пулакӣ дастрас мекунад.

Дар посух ба дархости хонандагон дар ин бора бояд гуфта шавад, ки ҳамаи барномаҳои зарурияшонро на танҳо аз ин фурӯшгоҳҳо, балки аз саҳифаи худи тавлидкунандагони барномаҳо дарёфт карда метавонанд.

https://www.ozodi.org/a/29916968.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима